Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насрединов дар 56-ум Конфронси генералии Агентии байналмилалии нерӯи ядроӣ (МАГАТЭ), ки рузҳои 17-21 сентябри соли 2012 дар шаҳри Вена баргузор мегардад, ширкат варзид.

Бино ба маълумоти департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, Рӯзномаи Конфронс баррасии барнома ва фаъолияти Агентӣ, тасдиқи буҷа барои соли оянда ва маҷмӯи масъалаҳои истифодаи сулҳҷӯёнаи технологияҳои ядроиро дарбар мегирад.

Дар ҳошияи чорабинии номбурда вохӯрии намояндаи доимии Тоҷикистон бо кормандони Раёсати таъмини бехатарии Агентӣ (Safeguards Department) барпо гарида, зимни мулоқот дар баробари дигар мавзӯъҳо масъалаи сафари Гурӯҳи Хадамоти машваратии агентӣ (ISSAS  - The IAEA Advisory Service) ба Тоҷикистон баррасӣ гардид.

Худи ҳамон рӯз мулоқоти намояндаи доимии Тоҷикистон бо ҳайати муштараки барномаи Амал барои муолиҷаи бемории саратон (Intergrated mission of Program of Action for Cancer Threapy - imPact) баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ бо намояндагони imPact масъалаҳои ҳамкорӣ бо Тоҷикистон муҳокима шуданд.

Дар мулоқоти Исматулло Насрединов бо намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Осиёи Марказӣ хонум Патрисия Флор масъалаҳои татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ ва коркарди стратегия нав дар соли 2014 мавриди муҳокима қарор гирифтанд.