Рӯзи душанбеи ҳафтаи равон як ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи назорати регламент ваа ташкили фаъолияти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Азизмат Имомов ба Олмон рафтанд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, ин сафар бо даъвати Будестаги Олмон сурат гирифта, дар ҷараёни он дидору гуфтушуниди ҳайати парлумони Тоҷикистон бо раис ва аъзои гурӯҳи парлумонии «Олмон – Осиёи Марказӣ» ва ҳамчунин роҳбарону аъзои парлумони Олмон оид ба иқтисод ва технология, сиёсати иҷтимоӣ, ҳуқуқ, сиёсати хориҷӣ ва мудофиа дар назар аст.

Интизорӣ меравад, ки ҳайати намояндагони парлумони Тоҷикистонро муовини раиси Бундестаг Эдуард Освалд ба ҳузур хоҳад пазируфт. Ҳамчунин вакилони парлумони Тоҷикистон бо намояндагони Вазорати корҳои хориҷии Олмон, аҳзоби сиёсӣ ва доираҳои тиҷоративу молиявии ин кишвар дидору гуфтушунид мекунанд.