«Дар як қатор васоити ахбори умум маводҳое дарҷ ёфтанд, ки дар онҳо амали ҷинояткоронро дуруст маънидод намуданд (рӯйдодҳои моҳҳои июл ва августи Хоруғ дар назар аст), - изҳор кард санаи 24-уми сентябр дар Машварати САҲА мудири шуъбаи ҳуқуқҳои конститутсионии Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Музаффар Ашӯров. – Баъзе ВАО барои такрори рӯйдодҳои Хоруғ шароит муҳайё мекунанд».

Зимни суханронӣ дар машарати мазкур намояндаи ОИ «Азия-Плюс» Олга Тутубалина изҳор намуд, ки тайи моҳҳои ахир Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ дастрасӣ ба як қатор сомонаҳои ватанӣ ва русиягиро қатъ кард. «Зимни ҳар ташаннуҷи вазъи иқтисодӣ ё сиёсӣ сомонаҳо баста мешаванд, - гуфт ӯ. – Васоити ахбори умуми расмӣ дар бораи рӯйдодҳои Хоруғ маълумоти кофӣ пешниҳод накарданд. Дар ҷараёни амалиёти низомӣ дар Хоруғ аҳолии осоишта ба ҳалокат расид, зеро ҳукуматдорон ба ҷойи бехавф кӯчонидани онҳоро зарур надонистанд».

Дар посух ба ин изҳорот Музаффар Ашӯров гуфт, «телевизиони давлатӣ дар робита ба рӯйдодҳои Хоруғ 60 гузориш таҳия ва пахш намуд».

Намояндаи ОИ «Азия-Плюс» ҳамчунин зикр кард, ки дар ҷаласаи Кумитаи СММ вазири адлияи ҷумҳурӣ Рустам Менглиев изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон ҳуқуқи озодии баён ва матбуот риоя карда мешавад, аммо дар ҳамон рӯзҳо медиа-холдинги «Азия-Плюс» бобати муроҷиат ба додгоҳ нисбати Хадамоти алоқа барои қатъи дастрасӣ ба сомона иттилоъ дод.

Роҳбари Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон Наргис Зокирова зимни суханрониаш бо такя ба маълумоти Анҷумани миллии воситаҳои ахбори омммаи мустақили ҷумҳурӣ зикр кард, ки тайи моҳҳои ахир Хадамоти алоқа дастрасӣ ба 15 сомонаи хабаргузориҳоро ғайриқонунӣ қатъ намудааст. «Мавқеи ширкатҳои фароҳамсози интернет низ нигаронкунанда аст, зеро онҳо супориши Хадамоти алоқаро иҷро намуда, ба поймолкунии ҳуқуқи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ шарик мегарданд», - гуфт ӯ.

Н.Зокирова аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки ба қатъи ғайриқонунии дастрасӣ ба сомонаҳо хотима бахшида, ин масоил дар доираи қонуну ҳуқуқ бо назардошти ҳуқуқҳои конститусионии шаҳрвандон ба маълумот ҳаллу фасл гардад.

Намояндаи ОИ «Азия-Плюс» ҳамчунин қайд кард, ки «амали ҳукумати Тоҷикистон оид ба қатъи дастрасӣ ба сомонаҳоро Иттиҳоди Аврупо, САҲА, ИМА ва дигар кишварҳо мавриди интиқод қарор доданд, вале аз он ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд».

Дар посух ба ин интиқод намояндаи Дастгоҳи президени Тоҷикистон изҳор намуд, ки масоили аз ҷониби намояндаи ОИ «Азия-Плюс» ва Дафтар оид ба ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният дар Тоҷикистон дар доираи қонунгузорӣ баррасӣ ва таҳлил мешаванд.

Дар анҷоми суханронӣ О.Тутубалина таваҷҷуҳи ҳозиринро ба он ҷалб намуд, ки САҲА бо кадом натиҷа ба анҷом расидани изҳороташро пайгирӣ намекунад.