Дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо иштироки сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов масоили омодагӣ ба фасли зимистони солҳои 2012-2013 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре аз котиботи сарвазири ҷумҳурӣ хабар доданд, Оқил Оқилов ба масоили захираи ангишт, маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмири шабакаҳои энергетикӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуд.

«Дар ҷаласаи ситоди вилоятӣ оид ба омодагӣ ба фасли зимистон ба раисони шаҳру навоҳӣ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳои бахшҳои маорифу тандурустӣ ва иншооти иҷтимоӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, сарвазир дастур дод, ки ба омодагии иншооти энергетикӣ, роҳҳо, нақлиёт, шабакаҳои интиқоли барқу телефон, муассисаҳои маорифу тандурустӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардад.