Имрӯз як ҳайати парлумони Қирғизистон таҳти сарварии роҳбари гурӯҳи дӯстии парлумонҳои Тоҷикистону Қирғизистон Назаралӣ Арипов ба шаҳри Душанбе ташриф меорад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар дод, имрӯз вакилони парлумони Қирғизистон ба роҳбари гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ бо парлумони кишвари ҳамсоя Хайринисо Юсуфӣ дидору гуфтушунид мекунанд.

Дар ҷараёни мулоқот баррасии масоили тақвияти бештари ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳо дар назар аст.

Нимаи дуюми имрӯз ҳайати парлумони Қирғизистонро раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров ба ҳузур мепазирад.