Вазири кишоварзии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аз мақомаш барканор ва муовини сарвазири Тоҷикистон дар умури кишоварзӣ таъин шудааст.  Ин иттилоъро як манбаи муътамад дар Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон ба "Азия-Плюс" таъйид кард.

Ба гуфтаи манобеи "Азия-Плюс" дар Вазорати кишоварзӣ, ба ҷойи Зиёзода, муовини аввалаш Саъдӣ Каримзода вазири кишоварзии Тоҷикистон таъин шудааст.

Ба гуфтаи манбаъ аз Дафтари матбуоти раисҷумҳур, ин тағйирот имрӯз сурат гирифта, ҳамчунин дар бахшҳои дигари ҳукумат низ тағйирот шудааст. Қарор аст, давоми рӯз фармонҳои марбут ба тағйирот дар сайти раисҷумҳур нашр шаванд.

Сулаймон Зиёзода, ки 60 сол умр дорад, моҳи ноябри соли 2020 дар пайи ташкили кобинаи нави ҳукумати Тоҷикистон аз мақоми раиси ноҳияи Деваштич барканор ва вазири кишоварзӣ таъйин шуда буд. 

Зиёзода ба ҷойи Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода муовини сарвазир таъин шуд, ки ахирӣ моҳи августи соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Русия таъйин шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.