Душанбе. 12-уми сентябр. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон унвонии президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Покистон Асиф Алӣ Зардарӣ ба муносибати ба ин маснад интихоб гардиданаш барқияи шодбош ирсол намуд.
Аз дафтари матбуоти сарвари давлат ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар барқия, аз ҷумла зикр шудааст, ки «Тоҷикистон сатҳи имрӯзаи муносиботи ҳамкории миёни кишварҳоро қаноатбахш ва барои тарафайн судманд арзёбӣ менамояд».
«Мутмаинам, ки муносибатҳои ҳамкории бисёрҷонибаи Тоҷикистону Покистон минбаъд низ бар асоси риояи баробарҳуқуқиву эҳтироми ҳамдигарӣ ва назардошти манфиатҳои дуҷониба густариш хоҳад ёфт ва аз фурсат истифода бурда, изҳор менамоям, ки дар ҳамдастӣ бо Шумо омодаам, баҳри рушду таҳкими муносибатҳо тамоми кӯшишро ба харҷ дода, аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода намоям», - гуфта мешавад дар барқия.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста