Душанбе. 29-уми октябр - Интизор меравад, ки Волоҳазрат Оғохон, Имоми мусулмонони шиаи Исмоилӣ ва поягузору Сарвари Бунёди рушди Оғохон (АКДН) рӯзи ҷумъа, 31-уми октябр барои боздиди расмӣ ба муддати 6 рӯз ба Тоҷикистон меояд.

Дар иттилоияи интишорнамудаи Бунёди рушди Оғохон гуфта мешавад, ки ташрифи Оғохон бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон сурат мегирад, ки он низ дар қатори ташрифҳои сершумори Волоҳазрат ҷиҳати истиқболи Ҷашнвораи Тиллоӣ, ҳамчун Имоми имомати мусулмонони шиаи Исмоилӣ дохил мешавад. Волоҳазрат пас аз бобояш Сэр Султон Муҳаммад Оғохон имомии Имоматро аз 11 июли соли 1957 ба дӯш дорад.

Дар ин сафари худ Волоҳазрат Оғохон президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ва дигар ашхоси расмӣ вохӯрӣ хоҳад дошт. Интизор меравад, ки сӯҳбатҳо дар атрофи мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн, аз ҷумла ҳамкориҳои давомдор дар байни Ҳукумати Тоҷикистон ва Бунёди рушди Оғохон бобати рушди соҳаҳои маориф, иҷтимоъ ва иқтисод доир хоҳанд гашт.

Волоҳазрат ҳамчунин аз лоиҳаҳои мавҷудаи сохтмонии АКДН дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе боздид мекунад, ки ба қатори ин лоиҳаҳо меҳмонхонаи Серена ва маркази Исмоилия ва яке аз макотиб дохил мешаванд.

Волоҳазрат Оғохон сафари худро дар ВМКБ идома дода, дар он ҷо бо аъзои ҷамоаи Исмоилиён вохӯрӣ мегузаронад. Дар назар аст, ки эшон ҳамчунин ба қитъаҳои лоиҳаҳои дар вилоят амалишавандаи АКДН, аз ҷумла ба Боғи Хоруғ, ки ҳоло аз ҷониби Хазинаи фарҳанги Оғохон барқарор шуда истодааст ва инчунин ба Мактаби таҳсилоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ (ДОМ) хоҳад омад.

Ташрифи Волоҳазрат Оғохон ба Тоҷикистон дар доираи сафари 10-рӯзаи вай ба кишварҳои Осиёи Марказӣ – Қазоқистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон сурат мегирад. Интизор меравад, ки дар Қазоқистон эшон президенти кишвар Нурсултон Назарбоев ва дигар вазирон барои сӯҳбат оид ба ташаббусҳои дар кишвар барои рушд нигаронидашуда вохӯрӣ мегузаронад. Волоҳазрат Оғохон дар Ҷумҳурии Қирғизистон бо намояндаггони воломақоми давлатӣ вохӯрӣ гузаронида масъалаи шаҳраки донишҷӯёни ДОМ-ро дар шаҳри Норин баррасӣ менамояд. Се кишвари зикршуда – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон шартномаи   байналмиллариро роҷеъ ба таъсиси ин донишгоҳ соли 2000 ба имзо расонидаанд.