Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Қазоқистон пешниҳод намудааст, ки мулоқоти вазирони молия ва раҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай барои баррасии имконоти рафъи оқибатҳои бӯҳрони кунунии молиявӣ, дар шаҳри Алмаато баргузор шавад. Дар ин бора имрӯз зимни суханронӣ дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои мамолики узви Созмон дар Остона - нахуствазири Қазоқистон - Карим Масимов изҳор дошт.

  «Бори сангини бӯҳрони молиявии ҷаҳонро ҳамаи кишварҳо мекашанд. Ба ин сабаб мо тасмим гирифтаем, ки дар ояндаи наздик вохӯрии вузарои молия ва раҳбарони бонкҳои марказии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро дар шаҳри Алмаато баргузор намоем», - гуфт ӯ ва афзуд, ки дар ҷараёни вохӯрӣ ҳолати кунунии бозори молиявӣ дар кишварҳои узви Созмон мавриди таҳлил қарор хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи сарварзири Қазоқистон, иштирокдорони мулоқот имкон доранд, роҷеъ ба ин масъала мубодилаи афкори судманд анҷом диҳанд. «Ин аслан барои коҳиши мизони хатароти эҳтимолӣ дар оянда ва натиҷаҳои манфии он зарур аст» - гуфт Масимов.