Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар маҷлиси ҳукумати кишвар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷ ашну маросимҳо дар Ҷ умҳурии То ҷ икистон»-ро мавриди таҳлилу баррас ӣ қарор дода, аз ҷ умла таъкид дошт, ки татбиқи он дар шароити болоравии нархи озуқавор ӣ манфиатҳои аҳолиро ҳифз намуда, ба амал ӣ гаштани Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоат ӣ мусоидат намуд.

Ба иттилои расм ӣ, дар 9 моҳи соли равон дар баргузории 4 маъракаи асос ӣ дар муқоиса ба 9-моҳаи то қабули қонуни мазкур ба ҳисоби миёна беш аз 35 ҳазор сар чорвои калон кам кушта шуд ва маъракаҳо бинобар камшавии харо ҷ от дар онҳо 12 ҳазор зиёдтар баргузор гашт. Дар нати ҷ аи амали қонун сатҳи камбизоат ӣ аз 83 то ба 56 дар сад коҳиш ёфт. Дар ҳамин мўҳлат беш аз 1 миллиард сомон ӣ ба манфиати мардум сарфа гардид.

Дар баробари ин сарвари давлат аз ву ҷ уди камбудию норасогиҳои ҷ идд ӣ дар татбиқи Қонуни Ҷ умҳурии То ҷ икистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷ ашну маросимҳо дар Ҷ умҳурии То ҷ икистон» изҳори нигарон ӣ карда, риояи бечунучарои онро аз тамоми табақаҳои аҳол ӣ , пеш аз ҳама мансабдорону соҳибкорон талаб намуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарври давлат хабар доданд.