Душанбе. 30-уми октябр - Дирӯз таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гашт, ки дар кори он беш аз 40 масъала баррасӣ шуд.

            Дар мавриди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк» зикр гардид, ки аз аввали соли равон ба комиссияҳои шаҳру ноҳияҳо ва ноҳияҳои шаҳри Душанбе 14504 ариза аз ҷониби шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии молу мулкашон ворид гардида, аз он 6172 тоаш баррасӣ шуд ва 5300 нафар шаҳодатномаи соҳибмулк гирифтанд. Арзиши молу мулки қонуникардашуда тибқи маълумоти пешакӣ 2,2 миллиард сомониро ташкил дод.

            Сарвари давлат бо қотеият хотиррасон намуд, ки то ан ҷ оми м ӯ ҳлати татбиқи қонуни мазкур ду моҳи дигар боқ ӣ мондааст ва таъкид намуд, ки соҳибмулкон аз ин имкони мусоид бе тарсу ҳарос хуб истифода баранд, зеро чунин тадбир танҳо як бор амал ӣ мегардад.

            Дар маҷлис ҳамчунин лоиҳаҳои қонунҳо ва пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳои амалкунандаи кишвар маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.