Душанбе. 30-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз вазири умури хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ роҳбари тозатаъини намояндагии Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) дар Тоҷикистон Зейнал Гаҷиевро ба ҳузур пазируфт.

            Тавре аз департаменти иттилооти вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки дар мулоқот масоили марбут ба амалисозии лоиҳаҳои муштарак оид ба кӯмаки техникиву иттилоотӣ ба муҳоҷирон, мубориза алайҳи харидуфурӯши одамон ва такмили вуруду ихроҷи шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.