Душанбе. 31-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Мачлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ, таҳти раёсати муовини аввали раиси палатаи поёнии парлумони кишвар - Сафар Сафаров ҷаласаи Кумитаи иқтисод, буҷа ва молия баргузор гардид, ки дар он вазирони молия, беҳдошт, маориф ва намояндагони дигар вазорату идораҳо ширкат намуданд. Дар ҷаласа асосан лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон « Дар бораи буҷети давлатии ҷ умҳурӣ барои соли 2009» баррасӣ гардид .

  Зимни суханронӣ Сафар Сафаров аз ҷумла гуфт, ки лоиҳаи буҷаи мамлакат барои соли оянда аз тарафи ҳукумати кишвар барои баррасӣ ба парлумон як моҳ пеш пешниҳод гардид. Баррасии лоиҳаи буҷети мамлакат дар кумитаву комиссиюнҳои парлумон барои коҳиши мубоҳисот атрофи қ онуни мазкур дар иҷлосияи махсус кӯмак хоҳад кард .

Дар баромади хеш Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ оид ба иқтисод, буҷет ва молия Гулчеҳра Бозорова пешниҳод намуд, ки ба лоиҳаи буҷа якчанд тағйироту иловаҳо, аз ҷумла дар бораи кам кардани андоз аз арзиши иловагӣ ба воридоти орд аз 20 то 10 фоиз кам карда шавад. Ӯ ҳамчунин пешниҳод кард , ки ҳаҷми миёнаи ҷарима барои ҳ уқуқвайронкунии маъмурӣ аз 35 то 25 сомонӣ кам карда шавад .