Душанбе. 3-юми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (МН МО ҶТ) таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Сайдулло Хайруллоев масъалаи ворид сохтани як қатор лоиҳаҳои тағйироту илова ба санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро баррасӣ карданд.

            Тавре сухангӯи МН МО ҶТ Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, аъзои шӯро ба рӯзномаи ҷаласаи Иҷлосияи чаҳорум ворид кардани баррасии Шартнома миёни кишварҳои минтақа «Дар бораи минтақаи озод аз аслиҳаи ҳастаӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ», лоиҳаи ворид сохтани тағйироту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи варзиши кӯдакон ва ҷавонон дар ҶТ», ба Кодекси ҷиноӣ ва Кодекси ҶТ «Дар бораи қонуншиканиҳои маъмурӣ дар ҶТ»-ро пешниҳод карданд.