Душанбе. 3-уми ноябр - «Баргузории ҷаласаи Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ натиҷаҳои назррасеро ба бор меорад», гуфт зимни суханронияш намояндаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия оид ба масъалаҳои худидораи маҳаллӣ Юрий Осинтсев дар ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ, ки чанде пеш дар Душанбе баргузор шуд.

              Мавсуф аз ҷараёни баргузории ҷаласа натиҷагирӣ карда, таъкид сохт, ки иштирокдорони ин нишаст, ки намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ мебошанд, дар заминаи омӯзиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ таҷриба андӯхтанд ва бо фаъолияти парлумони Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии баъзе шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз наздик шинос гардиданд. Ба андешаи Ю. Осинтсев баргузории чунин чорабиниҳои байнипарлумонӣ дар доираи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ қадами муҳиме дар роҳи рушди парламентаризм буда, он ба такмилу бозомӯзии қонунҳо ва бо истифода аз таҷрибаи ҳамдигар қабул намудани санадҳои сифатан наву самарабахш мусоидат менамояд.