Душанбе. 28-уми октябр. ОИ «Азия-Плюс» - Аввали моҳи ноябр дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон конфронси байнулмилалӣ дар мавзӯи «Осиёи Марказӣ ва Афғонистон: таҳдидҳо, имконот ва дурнамо» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад.

Аз маркази мазкур ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки конфронс бо дастгирии Институти байнулмилалии тадқиқоти стратегии Лондон созмон дода шуда, дар он масоили ҷараёни воқеоту рӯйдодҳо дар Афғонистон, таъсири он ба кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, нақши давлатҳои минтақа дар раванди бозсозии ин кишвар ва дастгирии тадбирҳои нерӯҳои эътилофи НАТО дар барқарории сулҳу суботи Афғонистон мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Интизор меравад, ки дар кори конфронс 25 нафар коршинос аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, Русия, Афғонистон, Ҳиндустон, Чин ва давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва инчунин намояндагони САҲА, СММ, Иттиҳоди Аврупо ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ширкат хоҳанд варзид.