Душанбе. 7-уми ноябр. ОИ «Азия-Плюс» - Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои раҳбарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзи 14-уми ноябр дар шаҳри Кишинёв баргузор хоҳад гашт, 35 масъала баррасӣ мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» мушовири хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи Иттиҳод - Мария Гутсало хабар дод, дар ҷараёни нишаст, аз ҷумла масъалаи Стратегияи рушди иқтисодии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштарак-ул-манофеъ дар давраи то соли 2020 баррасӣ хоҳад шуд.

Ба гуфтаи хонум Гутсало, ҳадафи Стратегия, мусоидат ба рушди иқтисодии кишварҳо, таъмини субботу пешрафти мутавозуни иқтисодӣ, амнияти иқтисодӣ ва беҳтар намудани сифати зиндагии аҳолӣ мебошад.