Душанбе. 4-уми август. «Азия-Плюс» — | Робин Ҷереми Орд-Смит сафири нави Британияи Кабир дар Тоҷикистон таъин карда шуд, ки дар ин мансаб Тревор Чарлз Мурро иваз мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Британияи Кабир хабар доданд, Р.Ҷ. Орд-Смит моҳи марти соли 2012 ба Тоҷикистон хоҳад омад.

Робин Ҷереми Орд-Смит дар Вазорати умури хориҷии Британияи Кабир фаъолияти худро аз соли 1989 оғоз карда, дар дохил ва хориҷи кишвар, аз ҷумла дар Ҷопон, Малайзия, Руминия ва Алҷазоир ифои вазифа намудааст. Айни замон ӯ вазифаи директори департаменти Британияи Кабир оид ба тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Ироқро ба ӯҳда дорад.

Дар робита ба масъалаи таъини худ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ҷаноби Робин Ҷереми Орд-Смит гуфтааст: «Ман аз таъини худ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон шоду ифтихорманд буда, кӯшиш ба харҷ медиҳам, ки дар заминаи дастовардҳои ноилгардлидаи Тревор Мур ба таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба миёни кишварҳо идома диҳам. Ман ҳамчунин ба саҳмгузорӣ дар рушди ҳамкориҳои тиҷоративу сармоягузорӣ миёни Британияи Кабиру Тоҷикистон низ омодаам».