Дар Душанбе ҷаласаи нахустини Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли нав баргузор шуд.

Тавре котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи навбатии худ, ки имрӯз 3 январ таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров баргузор шуд, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера»-ро баррасӣ карданд.

Ба гуфтаи ӯ, аъзои Шӯрои Маҷлиси намояндагон зимни шарҳу тавзеҳи лоиҳаи қонуни мазкур иброз доштанд, ки ин лоиҳа бо мақсади пешгирии олудашавии ҳавои атмосфера барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии Шӯрои ин мақоми олии қонунгузори мамлакат пешниҳод шудааст.

Номбурда ҳамчунин гуфт, дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон ҳамчунин масъалаҳо Дар бораи Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Герсогии Бузурги Люксембург оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, Дар бораи Конвенсия байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Австрия оид ба канорагирӣ аз андозбандии дукарата ва пешгирӣ намудани саркашӣ аз супоридани андозҳо аз даромад ва сармоя, Оид ба Созишнома дар бораи мубодилаи иттилоот дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, Дар бораи Конвенсия оид ба эътирофи тахассусҳои мансуб ба таҳсилоти олӣ дар минтақаи Аврупоро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Зикр гардид, ки масъалаҳои дигаре, ки аз тарафи аъзои Шӯро муҳокима ва баррасӣ шуданд, лоиҳаҳои қарорҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз ҳайати Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот баровардани Акрамшо Фелалиев» ва «Дар бораи узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон интихоб намудани Акрамшо Фелалиев» буданд.