Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон нафарони ба вазифаҳои воломақом дар сохторҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия пешниҳодшударо ба ҳузур пазируфт.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, баъди суҳбат бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Нурилло Орипов Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, Шералӣ Сабзов Муовини вазири корҳои дохилӣ, Абдураҳмон Бузмаков Сардори Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, Анвар Тағоймуродов Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон, Мансур Бухориев Сардори шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат, Хуршед Каримов Сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия таъин карда шуданд. Ҷамъ 14 нафар ба вазифаҳои пурмасъулият дар сохторҳои гуногуни мақомоти номбаршуда таъин гардиданд.

 Президенти кишвар  Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат онҳоро ба садоқат ба халқу Ватан ва риояи адолату матонат дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулияташон ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки ин сифатҳо дар мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои созмонёфтаи гурўҳӣ ва дорои характери коррупсионӣ, басо муҳиманд. Дар назди онҳо ва роҳбарияти ҳарду сохтори мазкур, ҳамчунин доир ба тарбияи кадрҳои ҷавону болаёқат, баланд бардоштани донишу малакаи касбии кормандон ва бо сифати дилхоҳ ба роҳ мондани фаъолияти ҳамарўза вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.