Дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ таҳти раёсати раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров масъалаи қабули дархосту муроҷиати шаҳрвандон дар соли 2011 аз ҷониби мақомоти раҳбарии парлумон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар Муҳаммадато Султонов хабар дод, соли гузашта мақомоти раҳбарии МН МО ҶТ дархости беш аз 1 ҳазор шаҳрвандонро қабул карда, нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор содир намуд. Ғайр аз ин, боз ҳудуди 1,2 ҳазор арзу шикояти шаҳрвандон дар кумита ва комисияҳои палатаи поёнии парлумон баррасӣ шуданд.

«Раиси палата таъкид кард, ки ба баррасии муроҷиати шаҳрвандон дар ҷараёни вохӯриҳои вакилон бо интихобкунандагон дар манотиқи ҷумҳурӣ мебояд бештар таваҷҷуҳ зоҳир сохт», - изҳор кард Султонов.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қонуни ҶТ «Дар бораи сарфаи энергия ва самаранокии энергетикӣ», ворид сохтани тағйироту илова ба қонуни ҶТ «Дар бораи низоми иҷозатномадиҳӣ» ва шомил кардани вакили нав аз ҲХДТ Абдураҳмон Хонов ба ҳайати Кумитаи МН МО ҶТ оид ба масоили иҷтимоӣ, оила ва тандурустӣ низ баррасӣ шуданд.