Бо фармони президенти Тоҷикистон бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Фаррух Ҳамралиев аз вазифа озод карда шуд.

Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, Шариф Раҳимзода, ки сарварии Бонки миллии Тоҷикистонро ба ӯҳда дошт, вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ таъин карда шуд.

Фаррух Ҳамралиев мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати иқтисодӣ таъин гардид.

Ҳамчунин бо фармони сарвари давлат сафири Тоҷикистон дар ИМА Абдуҷаббор Ширинов раиси Бонки миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Бинобар сабаби ба кори дигар гузаштан муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Тӯрақул Ҳақназаров аз вазифа озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Неъматов Абдукарим ба ин мансаб таъин гардид.