Бо пешниҳоди раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров барасии масъалаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонун «Дар бораи мубориза бо терроризм» аз рӯзномаи ҷаласаи имрӯзаи иҷлосияи сеюми парлумон хориҷ карда шуд.

Ба гуфтаи Шукурҷон Зуҳуров, тағйироту илова ба қонуни зикршуда аз ҷониби сарвари давлат пешниҳод шудаанд ва сабаби аз рӯзномаи ҷаласаи имрӯза хориҷ кардани онҳо ин аст, ки дар остонаи иҷлосияи имрӯза аз ҷониби сарвари давлат боз пешниҳодҳои иловагӣ ироа гардидаанд ва кумитаву комиссияҳои дахлдори парлумон ба баррасии онҳо фурсат надоштаанд.

«Тағйироти аз ҷониби сарвари давлат пешниҳодшуда ҷиддӣ буда, ба сохтори воҳиди масъул бо мубориза алайҳи терроризм, аз ҷумла терроризми сиёсӣ марбутанд ва онро мебояд дар кумитаи марбутаи парлумон баррасӣ намуда, бо таҳиягарони қонун мувофиқа сохт ва сипас ба баррасии Шӯро пешниҳод кард», - гуфт ӯ.

Ш.Зуҳуров ҳамчунин изҳор кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур пас аз гузаштани тартиботи зарурӣ ва баррасии ҳамаҷониба тахминан рӯзи 20-уми июни соли равон ба рӯзномаи иҷлосияи паррлумон ворид хоҳад шуд.