Ташкили тамошо ва сайругашти ятимону бепарасторон дар осорхонаву боғҳои шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон сурат мегиранд.
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, Нақшаи чорабиниҳои мақомоти шаҳрдории пойтахт оид ба омодагӣ ва таҷлили ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, ки моҳи сентябр таҷлил мегардад, тасдиқ шуд.
Ба ифтихори ҷашн мақомоти шаҳрдории Душанбе чорабиниҳои варзишӣ, шанбегии умумишаҳрӣ, озмуну викторинаҳои гуногун роҳандозӣ мекунад.
Чорабинии асосии ҷашнӣ шоми рӯзи 9 сентябр дар маҷмааи “Наврӯзгоҳ” доир гардида, дар доираи он бо иштироки ҳунармандони шинохтаи кишвар намоишномаи театришуда барпо мегардад.
Тавре ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз дастгоҳи раиси пойтахт хабар дод, ба ифтихори ҷашн дар ҳамаи ноҳияҳои пойтахт ва боғҳои фарҳангу истироҳати шаҳр чорабиниҳои идона баргузор мешаванд.
Ба иттилои манбаъ, ба муносибати ҷашн дар шаҳри Душанбе даҳҳо иншооти гуногуни таъиноти иҷтимоиву иқтисодӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд.
Зимнан зикр шуд, ки ба ифтихори ҷашн имсол баргузор намудани гузашти низомӣ ба нақша гирифта нашудааст.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста