Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ба муносибати 12-умин солгарди таъсисёбии ин ниҳод маросими тантанавии савгандёдкунии 24 нафар кормандони ҷавон доир мегардад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, мутобиқи фармони директори Агентӣ Рустам Назаров як зумра кормандони ба комёбиҳо ноилгардидаи агентӣ бо ифтихорномаҳо ва тӯҳфаҳои арзишманд қадрдонӣ карда хоҳанд шуд.
Ёдрас мекунем, ки Агентии мазкур бо фармони президенти Тоҷикистон ва дастгирии молиявии СММ 1-уми июни соли 1999 таъсис ёфта, дар таҷрибаи Созмони Милали Муттаҳид аз нахустин чунин барномаҳои амалишуда маҳсуб меёбад.
Дар тӯли фаъолият Агентии мазкур дар ҳамдастӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, кишварҳои узви ИДМ ва Афғонистон ҳудуди 22 тонна маводи мухаддирро мусодира намуда, ба фаъолияти беш аз 300 гурӯҳҳои қочоқгари маводи нашъавоар хотима бахшид. Агар ин миқдор героин то ба истеъмолгарон мерасид, ҳудуди 40 млн. нафар ба нашъамандӣ гирифтор шуда метавонистанд.
Барои меҳнати фидокорона, мардонагиву ҷасорат зимни иҷрои вазифаҳои хидматӣ даҳҳо кормандони агентӣ бо медалу орденҳои Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста