Исфара/Хуҷанд. 23-юми июн. «Азия-Плюс» — | Дар мулоқоти кории мақомоти раҳбарии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд бо ҳамтоҳои худ аз вилояти Ботканди Қирғизистон, ки дар ноҳияи Исафара баргузор шуд, масоили дарёфт ва рафъи сабабҳои низоъу мухолифат дар минтақаи наздимарзӣ, ҳамоҳангсозӣ ва такмили ҳамкориҳои дуҷонибаи шӯъбаҳои корҳои дохилии ноҳияҳои наздимарзии ҳарду ҷониб мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Фирӯз Боқӣ хабар дод, мулоқоти мазкур бо ташаббуси мақомоти раҳбарии РКД-и вилояти Суғд барпо шуда, миёни иштирокчиёни он атрофи масъалаҳои даст ёфтан ба самаранокии ҳамкориҳои мутақобилаи кормандони милисаи ҷонибҳо дар пешгирии низоъу қонуншиканӣ дар марз, мубориза алайҳи ҷинояткорӣ ва таъмини сулҳу субот дар минтақаи наздисарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон табодули афкори муфассалу судманд сурат гирифт.
Дар назди ҳозирин андешаҳои худро оид ба ин масъалаҳо роҳбарони Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шариф Назаров ва вилояти Ботканди Қирғизистогн Ҷениш Раззоқов ва ҳамчунин муовини вазири корҳои дохилии Қирғизистон Курсан Асанов иброз доштанд.
Зимни суханронӣ сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шариф Назаров изҳор дошт, ки баргузории вохӯрии мазкур гувоҳи он аст, ки ҷонибҳо дар мубориза алайҳи ҷинояткориву қонуншиканӣ нияти устувор дошта, минбаъд ба дарёфти роҳҳои қобили қабули ҳалли мушкилот кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод.
Боз як роҳхати Тоҷикистон ба Бозиҳои олимпии соли 2024
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста