Зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар дараи Мағови ҷамоати Симиганҷи шаҳри Ваҳдат кормандони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ як махфигоҳи бузурги аслиҳа ва муҳимоти ҷангиро ошкор намуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, аз махфигоҳ 1-адад яроқи ПК бо лентаи тирҳояш 86-дона, 1-адад бомба, 1-адад автомати Калашников, 1-адад яроқи шикорӣ, 3-адад таппончаи Макаров, 9- адад норинҷаки дастӣ, зиёда аз 2500-дона тирҳои гуногун ва дигар лавозимотҳои ҷангӣ дарёфт ва мусодира гардид.