Ба наздикӣ вохӯрии навбатии кормандони сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон бо маҳбусон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар зиндони «Пули Чархӣ»-и шаҳри Кобул нигаҳдорӣ мешаванд, баргузор шуд.

Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ хабар доданд, дар зиндони мазкур айни ҳол нӯҳ нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои содир кардани ҷиноятҳои гуногун, аз ҷумла узвият дар ҳаракатҳои ифротгаро ва террористӣ, қочоқи маводи мухаддир ва машруботи спиртӣ адои ҷазо менамоянд.

Зимни мулоқот дар баробари огоҳӣ аз аҳволи маҳбусон ва баррасӣ намудани мушкилоти ҷойдоштаи онҳо, дар бораи андешидани иқдомоти сафорат дар доираи татбиқи созишномаи табодули маҳбусон миёни ду кишвар низ хабар дода шуд. Маҳбусон ҳар кадом дар навбати худ, ба таври шифоҳӣ омодагӣ ва розигии хешро барои бозгашт ба Тоҷикистон иброз намуданд.

Айни замон дар маҳбасхона ва боздоштгоҳҳои Афғонистон дар маҷмӯъ 14 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди нигаҳдорӣ қарор доранд. Қобили зикр аст, ки аз ин шумора дар робита ба 7 нафар се марҳилаи мурофиаи судӣ мувофиқи қонунгузории он кишвар анҷом гирифта, мурофиаҳои судӣ дар баробари 6 нафари дигар тӯл мекашанд. Ин амр баррасии масъалаи бозгардонидани онҳоро ба Тоҷикистон ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо то ниҳоӣ гардидани парвандаҳо ба таъхир меандозад.

Боиси ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи санад, то имрӯз бо изҳори ҳусни ният 286 нафар маҳбусон-шаҳрвандони кишвари дӯстро ҷиҳати адои минбаъдаи ҷазо ба мақомоти дахлдори он кишвар таҳвил додааст.

 Баррасии масоили вобаста ба татбиқи созишномаи табодули маҳбусон миёни ду кишвар бо мақомоти дахлдори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома дорад.