Имрӯз дар машқгоҳи «Тем» воқеъ дар наздикии маркази маъмурии ВМКБ - шаҳри Хоруғ тамринҳои мукаммали низомии фавриву тактики «Ҳифз-2012» оғоз мегарданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар тамринҳо ҷузъу томҳои низомии гарнизони Хоруғ, воҳидҳои сохторҳои қудратии мустақар дар ВМКБ ва ҳамчунин кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иштирок мекунанд.

Тамринҳо то 10-уми июл идома ёфта, ба он нерӯҳои ҳавоӣ, бронетехника ва аслиҳаву муҳимоти оташфишон ҷалб мегарданд. Ба тамринҳо муовини аввали вазири мудофиаи ҶТ, сардори ситоди кулли Вазорати мудофиа генерал-лейтенант Рамил Нодиров фармондеҳӣ мекунад.

Дар тамринҳо ташкили фаъолияти муштараки сохторҳои қудратӣ дар баргузории амалиётҳои низомӣ дар шароити баландкӯҳ мавриди омӯзишу амал қарор гирифта, ҳамчунин қобилияту малакаҳои сарбозону афсарони гарнизони Хоруғ санҷида мешаванд.