Хадамоти амнияти миллии Афғонистон ба гумони даст доштан дар рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ қумондони нерӯҳои амниятии вулусволии Шуҳадои музофоти Бадахшони Афғонистон Қорӣ Вадудро боздошт ва ба шаҳри Кобул мунтақил кардааст, - хабар медиҳад радиои «Озодӣ».

Сардори Раёсати Хадамоти амнияти миллии музофоти Бадахшони Афғонистон Самунвол Сахидод дар мусоҳиба бо радиои «Озодӣ» ин иттилоъро таъйид карда, гуфтааст, Қорӣ Вадуд аввалин боздоштшуда дар Афғонистон дар робита ба рӯйдодҳои ахири шаҳри Хоруғ аст. Ба гуфтаи ӯ, боздошти афроди дигари гумонбар ба муташанниҷ сохтани вазъ дар Хоруғ идома хоҳад ёфт.

Самунвол Сахидод ҳамчунин далели маҳви ҳашт нафар шаҳрвандони Афғонистон дар ҷараёни амалиёти низомӣдар Хоруғ ва боздошти боз чаҳор нафар шаҳрванди кишвараш дар ин амалиётро низ тасдиқ намудааст.

Ёдрас мекунем, ки зимни суҳбати телфонии сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон санаи 26-уми июли соли равон президенти Афғонистон Ҳомид Карзай эълом дошта буд, ки бо дастури ӯ ба ҷониби сарҳад, алалхусус минтақаи ҳаммарзи Хоруғ, нерӯҳои иловагии низомӣ ва марзбонӣ фиристода хоҳад шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳомид Карзай таъкид намуданд, ки байни роҳбарияти Афғонистону Тоҷикистон ва ниҳодҳои марбутаи ҳар ду мамлакат то ҳаллу фасли ниҳоии ин қазия иртиботи доимӣ ва муассир барқарор хоҳад буд.