Дар як амалиёти нирӯҳои Хадамоти федеролии амният (ХФА)-и Русия дар вилояти Владимир, шарқи пойтахти Русия, ду зодаи Осиёи Марказӣ кушта шудаанд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, Хадамоти федеролии амнияти Русия рӯзи 19 апрел бо пахши изҳороти расмӣ гуфтааст, ин афрод барои ҳамкорӣ бо террористони байналмилалӣ ва омодагӣ барои анҷоми ҳамлаҳо дар Русия муттаҳам буданд.

Дар изҳорот гуфта шудааст, яке аз гумонбарон 26 ва дигаре 30 сол дошта, замоне ҳадафи тир қарор гирифтанд, ки ҳангоми боздошт муқовимати мусаллаҳона нишон додаанд.