Бино ба маълумоти обуҳавошинсони кишвар, аз 27-ум то 30-уми апрели соли равон дар қаламрави Тоҷикистон якбора тағйирёбии боду ҳаво дар назар дошта шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумат ҶТ иттилоъ медиҳад, ки ин рӯзҳо дар водиҳо боронҳои шадиди селосо меборад, шамол аз тарафи ғарб то 20-25 метр дар як сония мевазад, эҳтимоли болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо вуҷуд дорад.

Гуфта мешавад, дар баъзе манотиқ резиши жола низ аз эҳтимол дур нест, раъду барқ метавонад хатҳои интиқоли нерӯи барқро барканад. Бар асари шамоли шадид бомҳои хонаҳо осеб мебинанд, лағзиши заминҳо, шикастану чаппа шудани дарахтон низ эҳтимол дорад. Хатари раъду барқ низ таҳдид мекунад.

Зикр мегардад, ки дар манотиқи куҳӣ, дар баландиҳои бештар аз 2500 метр, шабонгаҳон боронҳои шадиди гузаранда ба барфи тар интизор меравад. Боришот муҷиби омадани сел, сангрезиш ва лағзиши тарма, бахусус дар қаторкуҳҳои водии Ҳисор ва минтақаҳои наздикуҳии Помир шуда метавонад.  Дар ҷануби кишвар хатари тӯфони ғуборолуд вуҷуд дорад.

Аз ин рӯ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки дар истифодаи роҳҳои куҳӣ эҳтиёкор бошанд, воситаҳои нақлиёти худро барои сафар дар чунин шароит аввал омода сохта, то имкон доранд аз рафтан ба манотиқи хатарзо, роҳандозии корҳои саҳро, омодасозии ҳезум ва шикор дар кӯҳҳо худдорӣ варзанд.