Гурӯҳҳои террористии «Давлати исломӣ» ва «Ал-Қоида», ки фаъолияташон дар бисёре аз кишварҳо манъ аст, ҷиҳати созиш ҳосил кардану бартараф намудани ихтилофҳо ва созишнома бастан талош меварзанд. Дар ин бора иҷрокунанаи вазифаи СААД Валерий Семериков изҳори назар кардааст.

Бино ба маълумоти «Интерфакс», Семериков таъкид доштааст, ки дар сурати муттаҳид шудани ин гурӯҳҳо, таҳдиду чолишҳои террористӣ дар ҷаҳон афзоиш меёбад.

Ӯ ҳамчунин иттилоъ додааст, ки ҷангиёни «дар Ироқу Сурия зиндамонда» ба қаламрави Афғонистон раҳсипор мешаванд ва хатаре вуҷуд дорад, ки ин кишвар ба як пойгоҳе барои ғасби қаламрави кишварҳои узви СААД мубаддал гардад.

«Дар ҳамин ҳол, вазъ дар Афғонистон торафт муташанниҷ шуда, муноқишаҳои ҷойдошта миёни гурӯҳҳои террористӣ ва қочоқи маводи мухаддир танҳо як қисмати таҳдидҳоест, ки аз қаламрави ин кишвар бармеоянд», - таъкид намудааст Семериков.

Айни замон ба ҳайати Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) кишварҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Қобили зикр аст, ки чанде қабл масъулияти содир кардани амали террористӣ дар метрои шаҳри Санкт-Петербургро гурӯҳи марбут ба «Ал-Қоида» - «Тавҳид вал-Ҷиҳод» ба зимма гирифта, бо амалҳои нави террористӣ таҳдид кард.