Мақомоти амниятии Русия рӯзи 26 апрел 12 нафарро дар шаҳри Калининград ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо як гурӯҳи тундрави исломӣ боздошт кардаанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, ин боздоштҳо дар ҳоле сурат гирифт, ки худи ҳамон рӯз Хадамоти амниятии Русия (ХФА) эълон кард, ки ду гумонбар ба ҷонибдорӣ аз гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ", ки қасди тарҳрезии як ҳамлаи бузург дар Шарқи Дури Русияро доштанд, боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, Хадамоти федеролии амниятии Русия гуфтааст, ки 12 боздоштшуда дар шаҳри Калинингарда бо гурӯҳи "Ҷиҳоди исломӣ- Ҷамоати Муҷоҳиддин" ҳамкорӣ дошта ва зодагони Осиёи Марказӣ (ОМ) мебошанд. Гуфта мешавад, ки имкон дорад онҳо дар фаъолиятҳои низомӣ даст дошта бошанд.

Ба гуфтаи манбаъ, раҳбари ин шабака аз сӯи мақомоти Узбакистон барои ҷиноятҳои тундгароӣ, мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст. Хадамоти федеролии амнияти Русия мегӯяд, ки дар назар аст дар ояндаи наздик афроди боздоштшуда барои муҳокима ба кишварҳояшон истирдод шаванд.

Қобили зикр аст, ки Калининград дар марзи Лаҳистон ва Литва ҷойгир буда ва яке аз шаҳрҳои муҳими низомии Русия дар ғарби он кишвар ба шумор меравад.