Дар Рейтинги глобалии иқтидори ҳарбӣ Global Firepower Index миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Тоҷикистон зинаи охиринро ишғол намуд.

Дар байни 127 кишвари дар рейтинг зикршуда, Тоҷикистон мақоми 112-умро касб намуд. Соли гузашта Тоҷикистон дар зинаи 81-ум қарор дошт.

Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ кишвари аз нигоҳи ҳарбӣ пурқудраттарин Ӯзбекистон (зинаи 48-ум) дониста шуда, Қазоқистон мақоми 53, Туркманистон - 84 ва Қирғизистон зинаи 109-умро ишғол кардаанд.

Дар сегонаи кишварҳои аз лиҳози низомӣ пурқудраттарин ИМА пешсаф буда, дар зинаҳои баъдӣ Русия ва Чин қарор гирифтаанд.

Қобили зикр аст, ки рейтинги мазкур бо назардошти беш аз 50 омилҳо асос ёфта, натанҳо ба шумори аслиҳа, балки ба гуногун будани навъҳои он низ таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Ҳамчунин омилҳои ҷуғрофӣ, шароити ҳамлу нақл, захираҳои табиӣ, саноати маҳаллӣ ва шумори аҳолии ба хизмати ҳарбӣ коршоям низ ба инобат гирифта мешавад. Имконоти ядроӣ ва сатҳи раҳбарияти сиёсӣ ва низомӣ, ҳамчунин мавҷуд набудани роҳи баромади кишвар ба баҳр ба рейтинг таъсиргузор нест.