То 1 май 7 шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ полковник Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, бо гузашти як моҳ аз оғози маъракаи даъват нақша дар ВМКБ - 65%, вилояти Суғд - 77%, вилояти Хатлон - 76%, ноҳияҳои тобеи марказ - 63% ва шаҳри Душанбе - 77% ба иҷро расида, дар саросари кишвар нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ - 75%-ро ташкил медиҳад.

Маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар ҷумҳурӣ 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ  шаҳрвандони синнусоли аз 18 то 27-сола, ки барои мавқуф гузоштани хизмат ё озод шудан аз он ҳуқуқ надоранд, даъват карда мешаванд.

Мебояд гуфт, ҳамасола ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар тақрибан 15-16 ҳазор нафар даъват карда мешаванд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 600 ҳазор нафар ҷавонони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ ба сар мебаранд, аммо ҳудуди 150 ҳазор нафари онҳо мӯҳлати хизматашонро мавқуф гузоштаанд ё аз хизмат озод карда шудаанд ва ё барои хизмати ҳарбӣ коршоям нестанд. Боз ҳудуди 100 ҳазор нафар шаҳрвандони синнусоли мувофиқ ба хизмати ҳарбии Тоҷикистон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз се навъи ҷузъу том – Қушӯнҳои зудамал, хушкигард, Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зидди ҳавоӣ иборат аст.