Дар шаҳри Хуҷанд субҳи имрӯз бидуни огоҳиномаи пешакӣ машқҳои сохторҳои қудратии вилоят баргузор шуд, ки ҳадафи он дастгир кардани маҳбусони фирорӣ буд. Нақши «маҳбусони фирорӣ»-ро корманди милитсия бозиданд.

Корманди маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Муҳсин Юсуфов хабар дод, ки амалиёт таҳти унвони «Ҳалқа» имрӯз, 3 май ҳудуди 3 соат - аз соати 05-00 то соати 08-00-и субҳ идома ёфт.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни амалиёти омӯзишӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҳбусони фирории эҳтимолиро боздошт намуданд.

«Ҳадафи амалиёти мазкур ба ҳама гуна рӯйдоду ҳодисаҳо, аз ҷумла фирори маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ доимо омода будани кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аст», - иброз дошт номбурда.

Қаблан иттилоъ дода будем, ки кормандони сохторҳои қудратиии мустақар дар шаҳри Хуҷандро субҳи имрӯз бо бонги хатар бархезонида, онҳоро лозим аст, ки ҷинояткорони аз маҳбас фироркрдаро дарёфт намоянд. Чунин аст сенарияи машқу омодагирии сохторҳо.