Дар ҷараёни амалиёти муштараки низомиёни ИМА ва Афғонистон раҳбари шохаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон Шайх Абдулҳасиб рӯзи 27 апрел кушта шуда, вале Вазорати мудофиаи ИМА (Пентагон) танҳо ҳозир ин маълумотро тасдиқ кард.

Хабаргузории Reuters бо истинод ба фармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳи ИМА дар Афғонистон Ҷон Николсон дар ин робита менависад, Абдулҳасиб дар шарқи Афғонистон нобуд шуда, ба низомиён ҳамчунин авиатсия ва ҳавопаймоҳои бесарнишин кумак кардаанд.

Гуфта мешавад, ғайр аз ин, боз чанде аз раҳбарони минтақавии гурӯҳ ва 36 нафар ҷангиёни қаторӣ низ кушта шудаанд.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ низ кушта шудани раҳбари шохаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" дар Афғонистон Шайх Абдулҳасибро эълон кардааст.

Қобили зикр аст, ки Абдулҳасиб баъди бар асари зарбаҳои ҳавоии ИМА нобуд шудани Ҳафиз Саид Хон - пешвои пешинаи Давлати исломӣ дар Покистону Афғонистон ба ин мансаб расида буд.