Бино ба маълумоти обуҳавошиносони кишвар, давоми рӯзҳои 12-15 май ҳарорати ҳаво якбора боло рафта, ҳаво дар водиҳо - рӯзона то 41 дараҷа, дар доманакӯҳҳо - то 32 ва ноҳияҳои кӯҳистон - то 32 дараҷа гарм мешавад.

Дар ин робита Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ҳушдор медиҳад, ки болоравии ҳарорат дар минтақаҳои кӯҳистон ба зудтар обшавии барфу пиряхҳо ва афзоиши ҳаҷми об дар рӯдхонаҳо ва дар навбати худ мутаносибан ба фаромадани селу ярч ва сангпораҳо боис шуда метавонад.

«Аз шаҳрвандон дархост мекунем, ки дар ин рӯзҳо, бахусус ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳистон  ҳушёриро аз даст надиҳанд», - қайд мекунад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.

Ҳамчунин Кумита бо мақсади бехатарӣ дар ин рӯзҳо чунин тавсияҳо медиҳад.

1. Дар авҷи гармӣ, аз соати 13 то 16-и рӯз бидуни зарурат хонаро тарк накардан ва агар баромадан ба кӯча зарур бошад, либоси равшану васеъ аз матоъи табиӣ ва кулоҳи сабук пӯшидан, шишаи оби бегаз бо худ доштан, дар кӯча бештар зери соя истодан, ба мағозаву биноҳои дорои ҳавосардкунак (кондитсионер) ворид шудан;

2. Барои ҳифзи организм аз беобшавӣ, истеъмоли на камтар аз 1,5-3 литр обу нӯшокӣ дар давоми рӯз;

3. Ба истеъмоли машрубот, аз ҷумла оби ҷав (пиво), ҳамчунин нӯшокиҳои ширини газдор, ки табодули моддаҳоро дар ҷисм суст мекунанд, тавсия дода намешавад;

4. Истеъмоли ғизои сабук; сабзавоту мева, гӯшти мурғ ва моҳии обпаз, шӯрбои хунук ва дӯғоб. Аз ғизои бирён ва ширин даст кашидан беҳтар аст;

5. Дар авҷи гармии ҳаво маҳдуд кардани иҷрои корҳои ҷисмонӣ;

6. Дар бинои дорои дастгоҳи ҳавосардкунак (кондитсионер) ҳарорати ҳаворо то +22+23 дараҷа нигоҳ доштан;

7. Дар гармии тоқатфарсо ба кӯдакон таваҷҷуҳи бештар зарур аст, зеро нисбат ба калонсолон, ҷисми кӯдак ба ҳарорати баланд ва муҳити зист зиёдтар осебпазир аст;

8. Боэҳтиёту ҳушёр будан ҳангоми истироҳат ва оббозӣ, риоя кардани қидаҳои бехатарӣ дар наздикии дарёву кӯл, обанбору ҳавзҳои шиноварӣ ва ҳавзу каналҳо.