Сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Элизабет Миллард, раиси КДАМ ҶТ генерал-лейтенант Ятимов Саймумин Сатторович ва муовини якуми раис – Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ, генерал-лейтенант Раҷабалӣ Раҳмоналӣ дар маросими тантанавии супоридани кӯмак ба маблағи 6 млн. доллари ИМА дар шакли воситаҳои нақлиёт, таҷҳизоти алоқа ва камераҳои гармидиҳӣ ба Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ иштирок карданд. 

Тавре аз сафоратхонаи ИМА дар ҶТ хабар доданд, ин кӯмак барои баланд бардоштани қобилияти Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон, дар ошкор ва қатъ намудани қочоқи маводи мухаддир дар марзҳои Тоҷикистон, истифода бурда мешавад. 

Asia-Plus

Сафир Элизабет Миллард дар маросими супоридани кӯмак зикр намуд, ки ҳамкории байни ИМА ва Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи тарафайн дар роҳи ҳифзи марзҳои Тоҷикистон аз таҳдидҳои фаромиллӣ, ки метавонад ба субот ва амният дар Осиёи Марказӣ таъсир расонад, мусоидат менамояд.

Ӯ қайд намуд, ки қочоқи маводи мухаддир боиси ташвиш аст, зеро маблағҳои аз ҳисоби фуруши маводи мухаддир бадастовардашуда, аксар вақт барои маблағгузории созмонҳои террористӣ дар саросари ҷаҳон истифода бурда мешаванд.  

Asia-Plus

Қобили зикр аст, ки ҳамаи ҷузъиёти таҷҳизот тавассути Барномаи оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА маблағгузорӣ шудааст, ва чунин грантҳо барои иҷрои ӯҳдадориҳои давомдори ИМА баҳри  мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат мекунанд.

Аз соли 2006 ин ҷониб, Барномаи оид ба мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Фармондеҳии марказии ИМА зиёда аз 155 млн. доллари ИМА-ро барои таҷҳизот, омӯзиш ва инфрасохтор, ки ба таҳкими худкифоӣ, қудрат ва самаранокии фаъолияти мақомоти соҳаи мубориза бар зидди маводи мухаддир дар Тоҷикистон мусоидат менамояд, ҷудо намудааст.