Пас аз амалиёти 11-рӯза Кобули расмӣ изҳор намуд, ки ду вулусволӣ ё худ ноҳия - Зебок ва Ишкошим дар музофоти Бадахшони ин кишвар аз ҷангҷӯёни толибон поккорӣ шуданд.

Бино ба иттилои хабаргузории TOLOnews, ноҳияҳои Варҷуҷ ва Ямғон алҳол зери назорати Толибон қарор дошта, онҳо ҳамчунин дар баъзе дигар ноҳияҳои Бадахшон низ ҳузур доранд.

Дар робита ба Кундуз манбаи TOLOnews гуфтааст, 9 километри ин минтақа аз дасти толибон гирифта шуда, дар маҷмӯъ аз 9 ноҳия 4-тои он зери назорати толибон аст ва дар 20 маҳаллаи аҳолинишин нуфузи онҳо зиёд мебошад.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷангҷӯёни толибон ба нерӯҳои артиши Афғонистон аз чанд самт ҳамла карда, дар натиҷа як қисмате аз нерӯҳои артиши ҳукумат бо камбуди силоҳу муҳимот ва ғизо дучор шудаанд.

Ноҳияи Зебоки вилояти Бадахшон ҳамроҳ бо маркази маъмурӣ рӯзи 28 апрел таҳти тасарруфи Толибон қарор гирифта буданд. Дар Ишкошим низ толибон фаъол буданд. Рӯзи 6 май ҷангҷӯёни толибон ноҳияи Қалъаи Золро ишғол намуданд, ки дар марз бо мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон»-и Тоҷикистон воқеъ аст.

То имрӯз марзбонони тоҷик ҳеҷ як иғвоеро дар робита ба ин ҳодиса аз ҷониби Афғонистон ба қайд нагирифтаанд. Марз таҳти назорати пурзӯр қарор дорад.

Ба бемористони Ишкошими Тоҷикистон 11 афсари маҷрӯҳшудаи Афғонистон интиқол дода шуда, яке аз онҳо бар асари ҷароҳатҳои вазнин ҳалок шуд. Ба ҳамаи онҳо бепул кумаки тиббӣ расонида мешавад.