Вируси глобалии WannaCry дар муддати се рӯз 150 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро низ фаро гирифт. Бо 300 доллар корбарон метавонанд астрасӣ ба компютери худро барқарор кунанд.

Бино ба иттилои нашрияи Newsader, 95%-и паҳншавии ин вирус ба Русия рост омада, таъсири он ба Украина, Ҳиндустон, Тайван ва Тоҷикистон хеле камтар аст.

Дар сомонаи intel.malwaretech.com метавон тариқи онлайн паҳншавии ин вирусро пайгирӣ намуд. Тоҷикистон низ ба сафи кишварҳое шомил шудааст, ки давоми 24 соати ахир мавриди ҳамлаи WannaCry қарор гирифтааст. Тибқи маълумоти ин портал, аз ин вирус дар Тоҷикистон се компютер олуда шудааст.


Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, вируси WannaCry, ки бо суръати бесобиқае дар саросари ҷаҳон паҳн шуда,то 200 ҳазор компютерро олуда кардааст, то ба як ноҳияи дурдасти Тоҷикистон - ба ноҳияи Фархор ҳам расидааст.

Гуфта мешавад, ҳамлаи васеи кибернетикӣ, ки рӯзи 12-уми май дар бештар аз 70 кишвар шурӯъ шуд, ба кори шабакаҳои бонкҳо, бемористону муассисаҳои давлатӣ дар даҳҳо кишвари ҷаҳон аз ҷумла Русия, Фаронса, Бритониё осеб расонд. Дар Бритониё, баъзе аз шифохонаҳо маҷбур шуданд, амалиёти ҷарроҳиро ба таъхир андозанд, зеро аз дастрасӣ ба маълумот доир ба беморон маҳрум шуданд.