Мақомоти Бритониё номи гумонбари ҳамла ба толори консертии шаҳри Манчестерро эълом карданд. Аз ӯ Салмон Обидӣ, сокини 23-солаи ин шаҳр ном бурда мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, падару модари Обидӣ ибтидои соли 1990 дар пайи саркӯбҳои режими Муаммар Қазофӣ аз Либия ба Бритониё фирор кардаанд.

Гуфта мешавад, таркиши 22 май дар толори консертии Манчестер, ба ҷуз худи ҳамлагар, 22 одамро кушта, 59 тани дигарро маҷруҳ кард. Миёни кушташудаҳо як кӯдаки 8-сола ҳам ҳаст. 12 тифли дигар низ захмӣ шуданд.

Зикр мегардад, ки масъулияти ҳамларо гуруҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" ба зимма гирифт. Пештар хабар доданд, ки пулиси Бритониё як ҷавони 23-соларо бо гумони даст доштан дар таркиш дастгир кард. Ӯ дар ҷануби Манчестер боздошт шуд.

Ин таркиш баъди ҳунарнамоии овозхони амрикоӣ Ариана Гранде дар толори Manchester Arena рух дод. Дар пайи теракти Манчестер маъракаҳои интихоботии Бритониё қатъ карда шуданд. Қарор аст, 8 июн дар ин кишвар интихоботи порлумонӣ баргузор шавад.