Вазорати мудофиаи Русия ба Тоҷикистон дар баргузории маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ кумак карда, ҳавопаймоҳои ин кишвар беш аз 1 ҳазор нафар наваскаронро ба минтақаҳои дурдасти кӯҳистони ҷумҳурӣ интиқол доданд.

Бино ба маълумоти сомонаи Вазорати мудофиаи Русия, интиқоли наваскарони даъватшуда аз Душанбе ба вилояти Суғдро ҳавопаймоҳои Ил-76-и Нерӯҳои ҳавоӣ-кайҳонии Русия ба иҷро расонида, ба қисмҳои ҳарбии мустақар дар наздикии Хоруғ ва Мурғоб наваскаронро чархболҳои Ми-8-и ҳайати гурӯҳи авиатсионии пойгоҳи низомии ин кишвар бурдаанд.

Таъкид мешавад, ки ин парвозҳо бо дархости ҷониби Тоҷикистон дар робита ба вазъи мушкили роҳҳо бар асари ҳодисаҳои фаромадани ярчу сел ва сангреза, ки гармии беҳад ба ин боис гардид, ба анҷом расонида шуданд.

Қобили зикр аст, ки маъракаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 1-уми апрел оғоз гардида, то 31-уми май идома меёбад. Айни замон нақшаи даъват дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе пурра иҷро шудааст.