Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррпусияи Тоҷикистон барои ишғоли мансабҳои холӣ озмун эълон кард.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии Агентӣ, хоҳишмандони кор кардан дар мансабҳои сардори бахши тиббӣ, сарнозир ва муфаттишон дар раёсат ва шуъбаҳои гуногун ҳуҷҷатҳои худро бояд на дертар аз 15 июн ба Агентӣ пешниҳод намоянд.

Довталабон ба мансабҳо бояд маълумоти олӣ ва таҷрибаи корӣ дошта, ба онҳо донистани Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҶТ, санадҳои ҳуқуқии байналмиллалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида дар ин соҳа, кор бо компютер, донистан ва риоя намудани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои хориҷӣ ба инобат гирифта мешавад.

Музди меҳнати моҳонаи сардори бахши тиббӣ 919 сомонӣ (112 доллар бо қурби Бонки миллӣ), сарнозир - 859 сомонӣ (105 доллар) ва муфаттиш - 628 сомонӣ (76 доллар)-ро ташкил медиҳад.