Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) рӯйхати шахсонеро, ки ба содир намудани амалҳои террористӣ ё робита доштан бо террористон гумонбар дониста мешаванд, навсозӣ карда, шумори онҳо то 1178 нафар расид. Ним сол пеш дар ин рӯйхат ҳамагӣ 200 нафар зикр шуда буданд.

Бонки миллӣ ба истилоҳ «номгӯи террористон ва ифротгароҳо»-ро нашр кард. Баъди нашри рӯйхатҳо мақомоти дахлдор бояд оид ба боздошта шудани амали воситаҳои молиявӣ ё муомилоти амволи ин шахсон чораҷӯӣ намоянд.

Ба рӯйхат созмонҳои террористӣ ва ифротгарое, ки фаъолияташонро Суди олӣ дар қаламрави Тоҷикистон манъ кардааст, аз ҷумла «Ихвон-ул-муслимин» (Бародарони мусалмон)», «Ҷамоати Исломӣ», «Ҳаракати Толибон», «Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон», «Лашкар-ут-Тайиба», «Таблиғи Ҷамоат», «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра», «Гурӯҳи 24» ва ғайра шомиланд.

Ба рӯйхати афроде, ки амали дороиҳояшон бояд боздошта шавад, шахсони зерин шомиланд: раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар аъзои он, собиқ фармондеҳи фирории ОМОН - Гулмурод Ҳалимов, пешвои «Ансоруллоҳ» - Амриддин Табаров, ки тибқи маълумоти мақомоти Тоҷикистон, гӯё охири соли 2015 кушта шудааст, дохил шудаанд.

Дар БМТ зикр мекунанд, ки маълумот дар бораи шахсони террористу ифротгаро эълоншуда ва боздошта шудани хизматрасонии муомилоти восита ва амволи онҳо дар доираи амалисозии қарору қонунҳои ҳукумат ва тавсияи Гурӯҳи коркарди тадбирҳои молиявӣ дар мубориза бо пулшӯӣ (ФАТФ) таҳия шуда, онро Кумитаи давлатии амнияти милии кишвар омода мекунад.

Бо мақсади муқовимат ба маблағгузории терроризм, ин маълумот мунтазам навсозӣ шуда, шахсоне, ки маргашон расман тасдиқ мешавад, аз рӯйхат хориҷ карда мешаванд.

Зикр мегардад, ки ташкилотҳои ҳисоботдеҳ уҳдадоранд, ки фавран боздошти хизматрасонӣ ба воситаҳо ва дигар захираҳои молии шахсони дар ин рӯйхат зикршударо таъмин намоянд. Истисно танҳо ҳолатҳое буда метавонанд, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии амияти миллӣ ба таври инфиродӣ ба он иҷоза дода мешавад.