Вазорати мудофиаи Русия хабар дод, ки бо дастгирии нерӯҳои ҳавоии кайҳонии ин кишвар артиши Сурия беш аз 800 нафар ҷангиёни Давлати исломӣ (ДИ)-ро дар мавзеи Ганем-Алӣ куштааст, менависад Медуза.

Бино ба маълумоти варақаи иттилоотӣ, низомиёни Сурия ва Русия «шикасти гурӯҳи аз ҳама қобили ҷанг ва хуб мусаллаҳи Давлати исломиро дар водии назди дарёфи Фурот ба итмом расонидаанд».

Гуфта мешавад, дар ҷараёни амалиёт 13 танк, 39 автомашинаи мусаллаҳ бо пулемёти бузургҳаҷм, 9 миномёт ва дигар аслиҳаву муҳимоти ҷангӣ нобуд карда шудааст.

Қобили зикр аст, ки задухӯрдҳо дар канори Ганем-Алӣ аз моҳи июл идома дошта, охири моҳи гузашта дар бораи тасарруфи ин мавзеъ маълумот дода шуд. Даҳаи сеюми моҳи август террористон дубора мавзеъро бозпас гирифтанӣ шуда, вале баъдан ин қаламрав зери назорати низомиёни Сурия қарор гирифт.