Шахсони расмии кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ва Русия роҳу воситаҳои ҳамоҳангсозии талошҳо баҳри муқовимат ба терроризм ва ифротгароиро дар Душанбе баррасӣ мекунанд.

Имрӯз дар Душанбе таҳти унвони «Мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ дар АвруОсиё: таҳдидҳои умумӣ ва таҷрибаи муштарак» конфронси байнулмилалӣ доир мегардад. Конфронс аз ҷониби Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон созмон дода шуда, бидуни иштироки намояндагони ВАО баргузор мешавад.

Дар кори конфронс намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, вакилони парлумонҳои Тоҷикистону Русия, кормандони сафоатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҷумҳурӣ, муовинони роҳбарони Котиботи СААД, Кумитаи иҷроияи Маркази минтақавии зиддитеррористии СҲШ, ҳамчунин раҳбарияти ниҳодҳову марказҳои таҳқиқоти стратегии Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Русия, Тоҷикистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.

Зимни кори конфронс баррасии маҷмӯи масъалаҳои муҳими марбут ба мушкилоти таъмини амният дар минтақа, аз ҷумла таҳдиду хатарҳое, ки бештар мушкилу гуногунҷабҳа шуда, ба мушкилоти умдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварҳои минтақа дахл мекунанд дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.