Вазири мудофиаи Русия генерали артиш Сергей Шойгу санаи 11 октябр ба Тоҷикистон ташриф меорад. Дар Душанбе ӯ дар кори ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) иштирок мекунад.

Аз Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа вазирони мудофиаи кишварҳои узви ИДМ масоили марбут ба таъмини амният дар марзҳои ҷанубии Иттиҳодро дар партави шиддат ёфтани вазъи ҳарбиву сиёсӣ дар Афғонистон ва давлатҳои Шарқи Наздик баррасӣ мекунанд.

Ба ин ҷаласа дар Душанбе ташрифи вазирони мудофиаи Русия, Беларус, Қирғизистон, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Арманистон, Молдова ва Украина дар назар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.