Дар Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон маросими нобуд кардани миқдори навбатии маводи нашъаовари ахиран аз ҷониби кормандони Агентӣ мусодирашуда доир гардид.
Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Агентӣ, дар оташдонҳои махсуси ин ниҳод беш аз 357 кило воситаҳои нашъаовар сӯзонида шуданд, ки дар 17 парвандаи ҷиноӣ ҳамчун далели шайъӣ истифода шуда, ҳукми суд нисбати ин парвандаҳо содир гардидааст.
Қобили зикр аст, ки аз замони оғози фаъолияти Агентӣ (моҳи июни соли 1999) дар оташдонҳои он ҳудуди 20 тонна маводи мухаддири навъҳои гуногун нобуд карда шудааст.
Дар ҳамин ҳол, зимни нишасти хабарии имрӯза директори Агентӣ Шерхон Салимзода изҳор намуд, ки нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби кормандони Агентӣ зиёда аз 628 кило маводи мухаддир, аз ҷумла 5,2 кило героин, 309 кило афюн, 90,5 кило ҳашиш ва 223,7 кило бангдона мусодира шудааст.
Дар ин давра аз ҷониби кормандони Агентӣ 110 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста